Дар маҷмааи давлатии Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Симпозиуми байналмилалии илмии «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳонӣ» кори худро оғоз намуд.
Барои иштирок дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳонӣ» ба шаҳри Душанбе олимони забардаст ва иштиёқмандони сершумори осори гаронбаҳои одам-уш-шуаро Рӯдакӣ аз қариб 30 кишвари ҷаҳон ҷамъ омадаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қарори ЮНЕСКО дар тамоми ҷомеаи фарҳангии ҷаҳон таҷлил гаштани 1150-солагии фарзанди арҷманди халқи тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро боиси сарфарозӣ ва ифтихори ҳамаи тоҷикон ва форсизабонони олам маънидод карда, ин санаи фархунда ва арафаи истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба ҳамагон муборак гуфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзгору осори шоири шаҳири тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи хонаводаи оли Сомон ёдовар шуда, аҳли эҷод ва мардуми фарҳангпарвари тоҷикро ба омӯзиши илму дониш, тарғиби одоби ҳамида, ахлоқи пок, дӯстиву рафоқат, сулҳу созиш ва накӯкорию некномӣ ҳидоят намуд.
Дар қисмати ифтитоҳии симпозиуми байналмилалӣ ҳамчунин олимону адибони машҳур аз кишварҳои Россия, Узбекистон, Олмон, Амрико, Ҳиндустон ва албатта аз Эрону Афғонистон суханронӣ намуда, таҷлили ҷашни 1150-солагии қофиласолори шеъру адаби тоҷику форс Абӯабдулло Рӯдакиро ба ҳамаи форсизабонони ҷаҳон табрику таҳният гуфтанд ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамаи созмондиҳандагони ин ҳамоишу муҳити созгор барои мубодилоти илмию фарҳангӣ арзи сипосу миннатдорӣ карданд.