Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода

11.07.2008 15:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ ва истифодаи пурсамари заминҳои кишоварзӣ ба шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Шаҳринаву Ҳисор сафар кард.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода нахуст бо шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии мошинии ҳосили гандуми заминҳои хоҷагии саҳҳомии кушодаи Ҳақиқати ҷамоати деҳоти Сешанбе оғоз ёфт.

Зимни сӯҳбат бо роҳбарият ва аҳли хоҷагӣ маълум шуд, ки он дорои 620 гектар замини корам будааст. Деҳқонон дар 118 гектар ғаллаи обӣ кишт карда, аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 40 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбат бо мутахассисону деҳқонон таъкид намуд, ки ҳосили ғалла аз заминҳои обӣ бояд аз 50 сентнерӣ кам нашавад.

Аҳли заҳмати хоҷагӣ азм доранд, ки дар ҳамаи заминҳои ғаллаи обӣ ва сабзавоти барвақтӣ баъди ҷамъоварии ҳосил кишти такрорӣ гузаронда, аз ин заминҳо сабзавот ва зироатҳои лӯбиёгию хӯроки чорво рӯёнанд. То имрӯз аллакай дар зиёда аз 100 гектар кишти такрорӣ гузаронда шудааст. Дар ҳамаи хоҷагиҳои шаҳри Турсунзода бошад, мувофиқи нақша дар 3 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронда мешавад, ки дар 1,5 гектараш аллакай ин кор анҷом ёфтааст. Дар 100 гектар лӯбиё кишт карда шудааст, ки аз ҳар гектараш 25 сентнерӣ ҳосил рӯёнданианд. Ба гуфти онҳо 25 сентнерӣ аз кишти такрории лӯбиё ҳосили хуб аст.

Умуман таъкид гардид, ки солҳои охир баъди ғамхорию дастгириҳои зиёди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зиёд шудани ҳавасмандии деҳқонон соҳаи кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ дубора фоидаовар шудааст.

Дар маҳаллаи 9-уми шаҳри Турсунзода бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як бинои истиқоматӣ ба истифода дода шуда, ба коргарони пешқадам ва собиқадори КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» тақдим карда шуд.

Зимни шиносоӣ бо хонаҳо зикр гардид, ки бинои истиқоматӣ аз 50 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат буда, дорои шароити хуби зиндагианд. Бинои истиқоматӣ бо харҷи 4 миллиону 380 ҳазор сомонӣ маблағҳои КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» бунёд ёфтааст.

Хотиррасон бояд кард, ки тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» вазифадор шудааст, ки ҳар сол дар шаҳри Турсунзода на камтар аз як бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ сохта, ба истифода диҳад.

Тибқи ин супориш худи ҳамин рӯз дар паҳлӯи ин бинои истиқоматӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хишти аввали боз ду бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ гузошта шуд, ки иборат аз 100 хона хоҳанд буд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ин биноҳо соли 2009-ум то рӯзҳои ҷашни истиқлоли давлатии Тоҷикистон сохта, ба истифода дода шаванд.

Хамин тариқ имрӯз 50 оилаи хушбахт соҳиби хонаи истиқоматӣ шуданд ва баъд аз як солу ду моҳи дигар боз 100 коргари КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» ва дигар эҳтиёҷмандон ба хонаҳои нав ворид хоҳанд шуд.

Яке аз иншооти бисёр муҳим, ки имрӯз дар фазои тантанавӣ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон расман ба истифода дода шуд, ин литсейи Президентии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ буд, ки барои 320 нафар хонандагони болаёқат пешбинӣ шудааст.

Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки бунёди литсей аз ҷониби сохтмончиёни ширкати ватании Фобос анҷом ёфта, дар давраи сохтмон беш аз 500 нафар бо кор ва маоши миёнаи 1000-1500 сомонӣ таъмин гаштаанд.

Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки имрӯз сохтмончиён ва мутахассисони маҳаллии дигар соҳаҳо низ нозукиҳои бисёр корҳои мураккабу сангинро аз бар намуда, аз ӯҳдаи он ба хубӣ мебароянд.

Литсейи Президентӣ аз синфҳои муҷаҳҳази фаннӣ, синфхонаи компютерӣ, синфҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, як толори калони маҷлисӣ бо зиёда аз 200 ҷойи нишаст ва ошхонаи зебою барҳаво бо 80 ҷойи нишаст иборат аст. Толори варзишии литсей бошад басо калону барҳаво буда, барои намудҳои гуногуни варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ пешбинӣ шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шароити дар ин ҷо бунёдгашта изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки ба ин литсей хонандагони болаёқату соҳибзавқ аз тамоми ҷумҳурӣ ва омӯзгорони ботаҷрибаю кордон ба тариқи озмун қабул карда шаванд.

Литсейи Президентии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ бо харҷи 8, 5 миллион сомонӣ бо кӯмаки молиявии ширкати «Аляска металз»- и Британияи Кабир, ки аз ҷумлаи шарикони хориҷии «Ширкати алюминийи тоҷик» аст, дар маҳаллаи 1-уми шаҳри Турсунзода қомат афрохта, боиси сарфарозӣ ва шукргузории омӯзгорону хонандагон гаштааст.

Тибқи иттилои роҳбарияти литсей дар он хонандагони аз синфи ҳафт боло тавассути озмун қабул шуда, ба равияи табиию риёзӣ ё фанҳои дақиқ бо таълиму тарбияи босифат фаро гирифта мешаванд. Дар ин литсей беш аз 50 нафар омӯзгорону дигар мутахассисон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии литсей суханронӣ намуда, оид ба нақшаҳои имрӯзаю ояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, тарбияи насли ҷавон ва дастгирии давлатии хонандагони болаёқат андешаҳои ҷолиб баён намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар давоми ду соли охир танҳо дар шаҳри Турсунзода 17 адад мактабҳои гуногун сохта, ба истифода дода шуданд. Се мактаб дар ҳамин ду рӯзи охир мавриди истифода қарор гирифт, то оғози соли таҳсил сохтмони боз се-тои дигар ба охир мерасад.

Яке аз мактабҳои имрӯз мавриди истифода қароргирифта мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 13 дар деҳаи Батоши ҷамоати Қаратоғ аст, ки барои 1200 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.

Шодию нишоти омӯзгорону хонандагони мактабро ҳадду канор набуд, зеро ки мактаби пештара дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, шароити арзандаи таълимӣ ҳам надоштааст.

Чунонки маълум шуд, мактаб дар зарфи камтар аз як соли охир бо харҷи беш аз 5 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети давлатӣ бунёд ёфта, дорои шароити ҳозиразамони таълимӣ, аз ҷумла синфҳои махсуси фаннӣ ва ғайра мебошад.

Як мактаби дигар барои 324 нафар хонанда дирӯз ба истифода дода шуда буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки он мактабро васеъ карда, барои 640 нафар хонанда шароит муҳаё намоянд.

Дар паҳлӯи литсейи Президентӣ дар маркази шаҳри Турсунзода ҳамчунин як маркази тиҷоратӣ бо номи зебою форами «Муждаи васл» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ мавриди истифодаи қарор гирифт.

Зимни шиносоӣ маълум шуд, ки маркази савдо аз ду ошёна, тарабхона, мағозаи хӯрокворӣ, нуқтаҳои фурӯши сару либос, ашёву анҷоми рӯзгор иборат буда, дар он 45 ҷойи корӣ барои мардуми маҳаллӣ омода гаштааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат дод, ки як гӯшаи калони ин маркази хусусии савдо барои китобҳои дарсию бадеӣ ва дигар лавозимоти мактабӣ ҷудо карда шавад.

Дар шаҳри Турсунзода ҳамчунин чойхонаи миллии Регар, ки бо тарҳи фораму диданиаш ба яке аз кӯчаҳои марказии ин шаҳр ҳусни наву зебо зам намудааст, дар фазои бошукӯҳи идона ифтитоҳ ёфт.

Зимни боздид аз бинои дуошёнаи чойхона зикр гардид, ки он аз ҷониби ширкатҳои маҳаллии сохтмонӣ бо харҷи 2 миллиону 63 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст.

Дар чойхона баҳри вохӯрӣ бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шумораи зиёди собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар заҳматкашони шаҳри Турсунзода гирди ҳам омада буданд.

Байни Роҳбари давлат ва ин пирони рӯзгордида сӯҳбати озоду ошкоро оид ба масоили гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла ба низом даровардани ҷашнҳо ва расму ойини мардумӣ, танзими оила, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, қадрдонӣ аз истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ сурат гирифт.

Маълум шуд, ки онҳо тадбирҳои пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим, ба истифодаи пурсамар аз ҳар ваҷаб замини корам ҳидоят кардани мардум, фаровон гардондани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти худӣ ва ғайраро ҳамаҷониба дастгирӣ ва тарғибу ташвиқ мекунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки чойхона Ваҳдат номгузорӣ карда шавад ва ин таклиф бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Иншооти аз ҳама муҳиме, ки имрӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ расман ба истифода дода шуд, ин Варзишгоҳи марказии Металлурги шаҳри Турсунзода буд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, ин варзишгоҳи бошукӯҳро тӯҳфаи арзанда ба ҷавонони шаҳри Турсунзода номид.

Хотиррасон бояд кард, ки 22 марти соли гузашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми таҷлили ҷашни Наврӯзи хуҷастапай ба роҳбарияти КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» ва шаҳри Турсунзода супориш дода буд, ки ин варзишгоҳро навсозӣ карда, ҷойҳои нишасташро барои тамошобинон зиёд намоянд ва имрӯз ин рӯзи фаромушнашаванда барои ҷавонони ин минтақа фаро расид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми ҷамъомада муроҷиат карда, таъкид дошт, ки татбиқи сиёсати бунёдкорию созандагӣ ва муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар шаҳрванд аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва роҳбарияти давлату ҳукумат баҳри расидан ба ин ҳадафҳои воло пайваста қадамҳои устувор мегузорад.

Баъди суханронии пурмӯҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки фарогири паҳлӯҳои гуногуни сиёсати имрӯзаи давлат ва роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи ҷомеа буд, намоиши театрикунондашудаи ҳунармандони касбию ҳаваскори театрӣ ва консерти бошукӯҳи устодони санъати рақсу суруд пешкаши тамошобинон гашт. Намоиш саршор аз саҳнаҳои тарғибкунандаи ваҳдату ягонагӣ, ҳисси ифтихор аз истиқлоли кишвар, давлату давлатдории миллӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ буд.

Мавриди зикр аст, ки дар ҳамаи иншооти имрӯз дар шаҳри Турсунзода ба истифода додашуда 400 ҷойи нави корӣ муҳайё гаштааст.

Варзишгоҳи мазкур бо стандартҳои муосири чунин иншооти варзишӣ бунёд ёфта, хеле зебо ва мунаввару рангин гаштааст. Агар шабона аз баландӣ сӯйи ин варзишгоҳ назар афканӣ, боз ҳам бештару хубтар аён мегардад, ки чӣ қадар ин иншоот ба шаҳри Турсунзода ҳусну зебоии тоза зам намудааст.

Месазад ёдовар шавем, ки аксари корҳои бунёдкорию созандагии шаҳри Турсунзода ва водии зархези Ҳисор, ки солҳои охир дар он ба назар мерасад, бо дастгирии молиявии КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» сурат мегирад ва ҳамаи ин самараи дастуру ҳидоятҳо ва ғамхории доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.

Қобили таъкид аст, ки бо дастгирии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» тайи чанд соли охир аз ҳолати бӯҳронии пешина баромада, имрӯз ҳамчунин тавони ба по хезондани дигар кохонаҳои саноатии кишварро низ ба даст овардааст.

Воқеан бе потенсиали зарурии кадрҳо пешрафти корро ба даст овардан номумкин аст. Аз ин хотир иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дар ша?ри Душанбе кушодани филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Донишгоҳи энергетикии Маскав ва Донишкадаи давлатии кӯҳии Санкт-Петербург айни муддао аст.

Бо ҳаҷми кор таъмин намудани корхонаҳои саноатии кишвар имрӯз яке аз самтҳои асосии фаъолияти «Ширкати алюминийи тоҷик» гаштааст. Ин кор бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, тавассути он ҳоло беш аз 30 корхонаи саноатии кишвар ҳаҷми истеҳсолоти худро афзун намуда, шумораи зиёди коргаронашонро бо кор ва маоши баланд таъмин менамоянд.

Танҳо ҶСП «Сомон таҷҳизот»-и шаҳри Душанбе бо дархости «Ширкати алюминийи тоҷик» беш аз 300 намуд қисмҳои эҳтиётӣ истеҳсол мекунад.

Маоши миёнаи коргаронаш 600 сомониро ташкил медиҳад. Коргарони пешқадам бошанд, дар як моҳ то 4 ҳазор сомонӣ маош мегиранд.

Дар корхонаи маҳсулоти оҳану бетонии «Сомон саноат»-и шаҳри Душанбе истеҳсоли дегҳои бузурги алюминийгудозӣ ба роҳ монда шудааст, ки барои иваз намудани дегҳои фарсудашудаи «Ширкати алюминийи тоҷик» пешбинӣ гаштаанд.

Иҷро намудани чунин кори нозуки технологӣ барои коллективи корхонаи маҳсулоти оҳану бетонӣ кори нав бошад ҳам сифати дегҳои бузурги алюминийгудозиашон ҳеҷ шаку шубҳаро ба миён намеорад.

КВД-и «Тоҷиктекстилмаш» бошад, бо дархости «Ширкати алюминийи тоҷик» беш аз 50 намуд қисмҳои эҳтиётӣ истеҳсол карда, 450 – 500 нафар коргаронашро бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин намудааст. Коргарони пешқадами ин корхона то 2,5 – 3 ҳазор сомонӣ маош мегириранд.
Ба гуфти муовини директори корхона оид ба истеҳсолот Комил Сангаков тамоми 18 сехи он дар ҳолати хуби корӣ қарор доранд ва дар сурати вуҷуд доштани талабот «Тоҷиктекстилмаш» метавонад бо иқтидори пуррааш кор кунад.

«Ширкати алюминийи тоҷик» ният дорад, ки бо дигар корхонаҳои саноатии кишвар, аз ҷумла дар вилоятҳои Суғду Хатлон низ ҳамкории худро васеъ намояд. Айни ҳол бо корхонаи муштараки Хуҷанд - ЗиЛ, Востокредмет, Чароғи Исфара ва корхонаи таҷрибавии таҷҳизоти технологии шаҳри Кӯлоб ҳамкории хуб ба роҳ монда шудааст.

Дар ноҳияи Ёвон «Ширкати алюминийи тоҷик» бо шарикони муътамаду бонуфузи худ аз давлатҳои Австралия, Канада, Чин, Эрон ва Қазоқистон ҳамчунин Барномаи ба истифодаи ашёи хоми ватанӣ гузаштани худро амалӣ мекунад, ки татбиқи он кори мунтазами Маркази барқу гармидиҳӣ ва Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷикхимпром»-и ин ноҳияро таъмин менамояд.

Ҳамагӣ дар доираи ин барнома 11 иншооти бузург дар ноҳияи Ёвон ва водии Рашту Дарвоз бунёд хоҳад ёфт, ки дар натиҷа 30- 35 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад. Бунёди ду тои онҳо – корхонаҳои истеҳсоли криолит ва алюминийи фтордор бо шариконии чини «Ширкати алюминийи тоҷик» дар ноҳияи Ёвон аллакай оғоз ёфтааст ва то моҳи майи соли оянда ба истифода дода мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520