Дар роҳи бозгашт аз шаҳри Турсунзода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ноҳияи Шаҳринав бо рафти кишти такрории заминҳои обӣ дар кооперативи истеҳсолии «Қаҳрамони озод» аз наздик шинос шуд.
Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки хоҷагӣ дорои 93 гектар заминҳои корам аст. Аз он дар 50 гектараш пахта ва дар заминҳои дигар ғаллаи обӣ ва сабзавоти барвақтӣ кишт намудаанд.
Тибқи маълумоти Раиси хоҷагӣ Назокат Тилакова аҳли хоҷагӣ ният доранд, ки дар ҳамаи заминҳои ғаллаи обӣ ва сабзавоти барвақтӣ кишти такрории сабзавоти тирамоҳӣ ва зироатҳои лӯбиёгию хӯроки чорворо ба роҳ монанд. Ба гуфти ӯ ҳосилнокии заминҳо хуб аст ва деҳқонон ҳосили фаровон рӯёнда, фоидаи хуб ба даст меоранд.
Кори саҳмдори ҳамин хоҷагӣ Хушбахт Асадов боиси дастгирӣ ва пайравии васеъ аст, зеро ки дар заминҳои ӯ аксаран ҷавонмардон ба деҳқонӣ машғул шуда, ҳосили фаровон мерӯёндаанд.
Умуман дар ноҳияи Шаҳринав имсол дар майдони беш аз 1400 гектар бояд кишти такрорӣ гузаронда шавад. Кишти 1000 гектараш аллакай анҷом ёфтааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба деҳқонони ин ва дигар хоҷагиҳо бори дигар таъкид намуд, ки барои таъмини неъматҳои фаровони дастурхони мардум ва амнияти озуқавории кишвар ягон ваҷаб замини киштбоби обӣ бояд бекор намонад ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ бояд захираи дусолаи маводи ғизоии худро дошта бошад, то ки худро аз таъсири манфии болоравии нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ эмин дорад.
Зимни боздид аз нашъунамои зироатҳо ба деҳқон додани замин, истифодаи тухмии серҳосили зироатҳо ва коркарди дурусти агротехникӣ аз сабабҳои асосии эҳё шудани соҳаи кишоварзӣ маънидод гашт. Аз ҷумла истифодаи тухмиҳои серҳосили пахтаи навъҳои Флора ва Кармен ва тухмиҳои элита ва супер элитаи гандум боиси ба даст овардани ҳосили фаровони ин зироатҳо ва афзоиши ҳавасмандии деҳқонон гаштааст. Зикр гардид, ки тухмии пахтаи навъҳои Флора ва Кармен имрӯз дар зиёда аз 2 ҳазор гектар заминҳои ноҳияҳои гуногуни кишвар кишт карда шудааст, ки бояд ҳосили фаровон диҳанд.
Аҳли заҳмати ноҳияи Шаҳринав аз ҷумла чорводорону парандапарварон ва саноатчиён низ маҳсулу меҳнати худро ба ин ҷо ба маъраз бароварда буданд.
Дар мавриди корхонаи парандапарварии ноҳия зикр гардид, ки айни ҳол дорои 100 ҳазор мурғ аст ва то охири соли равон саршумори он 170 ҳазор мерасад.
Тибқи ахбороти масъулин парвариши гӯсфанди ҳисорӣ низ вусъат ёфта истодааст. Танҳо дар як хоҷагии он 12 ҳазор сар аз ин навъи сергӯшти гӯсфанд парвариш меёбад, ки вазни зиндаи ҳар кадоме аз онҳо то 160 килограм мерасад.
Корхонаи хишти ноҳия бошад то 3 миллион дона хишти аълосифат истеҳсол мекунад, ки дар бозори дохилии кишвар харидорони зиёд дорад. Чанде пеш дар он боз як сехи нав кушода шудааст, ки дар он 40 нафар бо ҷойи кор таъмин гаштаанд.