Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар Мулоқоти сатҳи олӣ доир ба тағйироти иқлим ва энергетика

21.09.2009 23:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Мӯҳтарам Ҷаноби Раис,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Пеш аз ҳама мехостам ба созмондиҳандагони чорабинии муҳими имрӯза барои фароҳам овардани имконияти ширкат ва суханронӣ дар он изҳори сипос намоям.

Энергетика аз қисматҳои асосӣ ва таркибии иқтисоди муосир мебошад ва аз ин лиҳоз, ҳама гуна тағйироте, ки дар ин бахш ба вуҷуд меояд, ногузир ба дигар ҷанбаҳои фаъолияти инсон таъсир мегузорад.

Яқин аст, ки таҳти таъсири тағйирёбии глобалии иқлим дар бахши энергетика низ дигаргуниҳои муайян ба вуҷуд меоянд. Афзоиши шумораи падидаҳои экстремалии вобаста ба вазъи ҳаво, ки мувофиқи пешгӯии Гурӯҳи байниҳукуматии коршиносон дар натиҷаи тағйирёбии иқлим имрӯз инсоният бо онҳо рӯбарӯ мебошад, боиси ба вуҷуд омадани дигаргуниҳои муайян дар истифодаи энергия мегардад.

Бинобар ин, дақиқ кардани эҳтиёҷот, қабули тадбирҳои мутобиқгардонӣ ва таъмини субот дар бахши энергетика бо дарназардошти иқлими тағйирёбанда, бояд аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун масъалаи афзалиятноки расидан ба рушди устувор баррасӣ гардад.

Мӯҳтарам ширкаткунандагони мулоқот,

Дар Конфронси сеюми ҷаҳонӣ доир ба иқлим дар Женева Муншии Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Пан Ги Мун аз давлатҳои ҷаҳон даъват ба амал овард, ки ихроҷи партови газҳоро ҳарчи камтар намоянд ва роҳи «иқтисоди экологи»-ро пеш гиранд.

Маълум аст, ки ҳиссаи асосии партови газҳо ба соҳаи энергетика ва саноат рост меояд, ки онҳо барои таъмини эҳтиёҷоти истеъмолкунандагон асосан захираҳои сӯзишвориро истифода мебаранд. Бинобар ин, мо чунин мешуморем, ки зарурати қабули тадбирҳои фаврӣ доир ба рушд ва азхудкунии манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва ҷорӣ кардани технологияҳои каммасраф ба вуҷуд омадааст.

Чунин иқдом сатҳи вобастагиро аз дигар навҳои анъанавии энергия, ки ба муҳити зист таъсири бузург мерасонанд, паст мегардонад.

Дар Осиёи Марказӣ мисли бисёр минтақаҳои сайёра ҳиссаи асосии энергияи барқи истеҳсолшаванда (қариб 70%) ба нерӯгоҳҳои барқи ҳароратӣ рост меояд, ки онҳо ҳар сол ба атмосфера миллионҳо тонна партовҳои газро хориҷ мекунанд. Дар ҳоле, ки минтақа иқтидори ниҳоят бузурги гидроэнергетикӣ дорад, имрӯз танҳо 10 фоизи он истифода мегардад. Танҳо дар Тоҷикистон иқтидори солонаи захираҳои гидроэнергетикӣ беш аз 527 миллиард киловатт - соатро ташкил мекунад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба эҳтиёҷоти имрӯзаи ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ се баробар зиёд мебошад.

Азхудкунии онҳо натанҳо боиси кам шудани ҳаҷми партови газҳо ба атмосфера шуда метавонад, балки имконият медиҳад, ки нерӯи барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол карда шавад, ки дар навбати худ ба мо барои дастрасии «кредити карбонӣ» тибқи Протоколи Киото имкон фароҳам меорад. Ба ҳаёси мисол мо Тоҷикистонро зикр карда метавонем, ки аз лиҳози партови газҳо дар Осиёи Марказӣ дар ҷои охирин қарор дорад. Бо дарназардошти ин масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи азхудкунии комплексии иқтидорҳои мавҷудаи гидроэнергетикиро пеш гирифтааст, ки ин раванд имкон медиҳад эҳтиёҷоти афзояндаи натанҳо кишвари мо, балки кишварҳои ҳамсоя низ, ки намудҳои зеризаминии сӯзишвориро ҳамчун манбаи асосии истеҳсоли нерӯи барқ истифода мекунанд, қонеъ гардонида шавад.

Таҳқиқоти гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки дар давраи аз соли 1956 то соли 1990 сеяки захираи пиряхҳои Осиёи Марказӣ кам шудааст ва ин тамоюл идома дорад. Зиёда аз ин, пиряхҳои Тоҷикистон, ки манбаи ташаккули қариб 60 фоизи оби дарёҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, дар асри ХХ беш аз 35 фоизи ҳаҷми худро гум кардаанд.

Дар чунин шароит, яъне гармшавии фарогири иқлим аҳамияти обанборҳое, ки дар назди нерӯгоҳҳои барқи обӣ сохта мешаванд, ба маротиб меафзояд. Дар даврае, ки дар Осиёи Марказӣ бар асари коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо ва афзоиши истеъмоли он камбуди захираҳои об торафт шиддат мегирад, обанборҳо дар масъалаи таъмини амнияти об дар минтақа нақши бисёр муҳим мебозанд.

Афзоиши аҳолии минтақа, ки аз 20 миллион нафари соли 1956 то 63 миллион нафар дар рӯзҳои мо расидааст, шиддати масъаларо тақвият мебахшад. Чунин таркиши демографӣ, табиист, ки боиси азхудкунии босуръати заминҳои обёришаванда гардида, майдони чунин заминҳо аз 2,5 миллион гектари ибтидои асри ХХ то 9 миллион гектар дар охири аср расидааст.

Чунин тамоюлҳои асосан манфӣ бо дарназардошти ҳаҷми торафт афзояндаи истеъмоли об наметавонанд, ки боиси ташвишу изтироб нагарданд.
Хонумҳо ва ҷанобон!

Вохӯрии имрӯза дар шароите доир мегардад, ки коршиносон ва олимон лоиҳаи нави созишномаи фарогирро доир ба тағйирёбии иқлим таҳия карда истодаанд ва ин кор бояд дар арафаи Конфронси 15-уми ҷонибҳо моҳи декабри ҳамин сол дар Копенгаген ба анҷом расад.

Дар хотима мехостам таъкид намоям, ки кишварҳои рӯ ба тараққӣ беш аз дигарон бо оқибатҳои манфӣ ва ҷиддии тағйирёбии иқлим дучор мегарданд, ки ин, дар навбати худ, метавонад боиси коҳиши сатҳи меъёрҳои зиндагӣ, ҳаҷми маблағ барои рӯзгузаронӣ, сустшавии рушди иқтисодӣ ва тақвияти раванди осебпазирии одамон гардад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳамкории самарабахши миёни давлатҳои аз лиҳози саноатӣ тараққикарда ва кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар татбиқи чорабиниҳои мушаххас дар ин самт ҳамаҷониба вусъат дода шавад. Бахшҳои асосии чунин ҳамкориро бояд афзоиши ҳаҷми дастгирии молиявию намудҳои дигари кӯмак ва тавсеаи имконот ҷиҳати ёрӣ ба мардуми осебдида ва барқароргардонӣ ташкил диҳанд.

Аз таваҷҷӯҳатон сипосгузорам!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520