Худи ҳамин рӯз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба Хадамоти геологии Финландия ташриф оварда, бо таъриху таҷрибаи ғанӣ ва дастовардҳои илмию амалии он аз наздик шинос шуд.
Зимни сухбатҳои созанда таъкид гардид, ки бо назардошти захираҳои фаровони маъданҳои кӯҳӣ ва дигар канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон Финландия метавонад бо он ҳамкории пурсамар ба нафъи ҳарду кишвар дошта бошад. Бо қаноатмандӣ аз нахустин натиҷаҳои ҳамкорӣ, ки аз соли 2010 ба ин сӯ ба чашм мерасад, ба густариши бештар ва пурсамари чунин ҳамкорӣ ҳарду ҷониб изҳори ҳавасмандӣ намуданд.