Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Бо амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ дар соҳаи дипломатияи тоҷик, роҳбарияти ду ноҳияи вилояти Суғд ва чанд шуъбаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид.
Зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба нафъи халқу ватан ва баҳри таҳкими асосҳои давлатдории миллӣ ҳидоят намуда, дар наздашон вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҷумла, ба кадрҳои соҳаи дипломатияи тоҷик доир ба муаррифии шоистаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи минтақа ва ҷаҳон, баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии давлат дастуру супоришҳо дода шуд. Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин ба роҳбарони нави ноҳияҳои Айнию Зафаробод, аз ҷумла доир ба ҳалли мушкилоти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, нақлиёту коммуникатсия, рушди кишоварзӣ, саноат ва дигар бахшҳои иқтисоди маҳаллӣ дода шуд.
Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ва Давлати Қатар кушода шуд.
Имрӯз бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдов собиқ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қувайт, Шералӣ Ҷононов собиқ Сардори Раёсати шартномавӣ – ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон, Зоҳир Саидов собиқ Мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, Рустам Раҳматов собиқ Раиси ноҳияи Айнӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ва Неъматулло Иноятов собиқ Сардори бахши харид ва мониторинги Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмонии иншооти гидроэнергетики назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Айнии вилояти Суғд таъин гардиданд.
Ҳамчунин бо Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомидҷон Боиров собиқ Раиси ноҳияи Зафаробод, мудири Шӯъбаи сохтмон ва меъмории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амирхоҷа Ғоибназаров, собиқ Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири Шӯъбаи назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбоналӣ Раҳмонов собиқ Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои илм ва технологияи муосир, мудири Шӯъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.