Имрӯз дар майдони Дӯстии пойтахт ба ифтихори таҷлили солгарди 20-уми таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Паради ҳарбии қӯшунҳои гарнизони ҳарбии Душанбе баргузор гардид, ки дар он Президенти кишвар Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд.
Барои иштирок дар паради ҳарбӣ 10 ҳазор нафар афсарону сарбозон аз ҷузъутомҳои навъҳои гуногуни Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҳамаи сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқу тартибот саф оростанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ, кулли муҳофизони шуҷои Ватанро бо 20-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бори дигар табрику таҳният гуфта, аз қудрату тавоноии дифоии Тоҷикистони азиз, ки дар зарфи 20 соли гузашта таҳкиму тақвият ёфтааст, изҳори сарфарозӣ намуд. Таъкид гардид, ки барои ҳифзи дастовардҳои давлати ҷавони Тоҷикистон, фазои орому осуда ва рушду тараққиёти босуботу бонизоми ояндаи Ватани азизи мо ҳар як фарди ватандӯст ва худшиносу худогоҳ бояд пайваста ҷаҳду талош намояд.
Паради ҳарбиро Вазири мудофиаи кишвар генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев қабул намуда, аз омодагии комили ҷузъутомҳои ҳарбӣ барои расми гузашти низомӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳии Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.
Дар Паради бошукӯҳи ҳарбии бахшида ба солгарди 20-уми таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷузъутомҳои Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои зудамал ва дигар ҷузъҳои Вазорати мудофиа, Гвардияи миллии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии кишвар, Қӯшунҳои марзбонӣ ва дигар воҳидҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва ҳамчунин ҷузъутомҳои Вазорати адлия, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи сохторҳои қудратӣ ҳунари волои сафороӣ ва гузашти низомӣ намоиш доданд. Бояд таъкид намуд, ки дар ин парад бори нахуст як даста духтарону бонувон, ки адои хизмати ҳарбӣ мекунанд, иштирок намуда, маҳорати баланди сафороӣ ва гузашти низомӣ нишон доданд.
Паради бошукӯҳи ҳарбиии бахшида ба солгарди 20-уми таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро парвози 20 адад ҳавопаймою чархболҳои ҳарбӣ ва платс-консерти ҷузъутомҳои Горди фахрии кишвар ва оркестри муттаҳидаи асбобҳои нафасии мусиқӣ ҳусни анҷом бахшиданд.