Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт

23.06.2013 21:42, Кувайт

Мулоқоту музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Кувайт бегоҳии рӯз баргузор гардид.

Баррасии муфассали роҳҳои таҳким ва густариши ҳамкории ду кишвари дӯст дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ сурат гирифт.

Дар оғози мулоқот маросими супурдани мукофотҳои олии давлатӣ баргузор гардид. Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо олитарин мукофоти давлати худ ордени “Муборак Алкабир” сарфароз намуд.

Аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз гардонида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат изҳор дошт: “Дар татбиқи стратегияи созандаи минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистон густариш ва таҳкими робитаҳо бо кишварҳои араб аз ҷумлаи самтҳои муҳимтарин ба шумор меравад ва нисбати Давлати Кувайт мо таваҷҷуҳи хос дорем”.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520