Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ Гян Чандра Ачария

19.08.2013 11:04, шаҳри Душанбе

Дар мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ Гян Чандра Ачария, асосан масоили ҳамкорӣ дар соҳаи обу энергетика ва нақлиёту коммуникатсия баррасӣ гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Гян Чандра Ачария барои ташриф ба шаҳри Душанбе ва иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ва ҳамчунин пуштибониҳои доимияш аз ғояҳо ва ибтикороти Тоҷикистон дар бахши об дар минтақа ва ҷаҳон изҳори сипос кард.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба масъалаҳои густариши савдо, афзоиши имкониятҳои транзитӣ ва рушди нақлиёти автомобилии байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ сурат гирифт.

Дар робита ба ин, изҳори боварӣ карда шуд, ки раисии имсолаи Тоҷикистон дар Барномаи ТРАСЕКА, ҷаласаи 10-уми ҷашнии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Рушди нақлиёти автомобилӣ ва имкониятҳои транзитии Осиёи Марказӣ барои давраи то соли 2020”, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, боровар хоҳад буд.

Таъкид гардид, ки “барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон бинобар надоштани роҳҳои баромади бевосита ба баҳр ва бо назардошти мавқеи ҷуғрофии он нақлиёти автомобилӣ аҳамияти хос дорад”.

Гян Чандра Ачария изҳори итминон кард, ки “тадбирҳои Тоҷикистон доир ба раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ минбаъд низ бо мусоидати Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳою давлатҳои шарику мададгор мавриди дастгирӣ қарор хоҳад дошт”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520