Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири энергетика, об ва шуғли аҳолии Давлати Кувайт Абдулазиз Абдуллатиф ал-Иброҳим

20.08.2013 13:31, шаҳри Душанбе

Зимни вохӯрии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири энергетика, об ва шуғли аҳолии Давлати Кувайт Абдулазиз Абдуллатиф ал-Иброҳим, асосан роҳҳои татбиқи амалии санадҳо ва тавофуқоти дуҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Бо ёдоварӣ аз сафари давлатии Президенти Тоҷикитон ба Давлати Кувайт ва натиҷаҳои умедбахши он изҳори боварӣ карда шуд, ки татбиқи амалии санадҳои зимни ин сафар имзошуда ва дигар тавофуқоти муҳим ба нафъи ду давлати дӯст ва мардумони онҳо хизмат хоҳад кард.

Абдулазиз Абдуллатиф ал-Иброҳим бо ишора ба таваҷҷуҳи хоси Амири Давлати Кувайт ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ба дурнамои робитаҳои судбахши ду кишвар баҳои баланд дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520