Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини вазири захираҳои об ва ирригатсияи Ҷумҳурии Мисри Араб Воил Хайрӣ

20.08.2013 18:12, шаҳри Душанбе

Зимни мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  бо Муовини вазири захираҳои об ва ирригатсияи Ҷумҳурии Мисри Араб Воил Хайрӣ масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Воил Хайрӣ пазируфта шудани пешниҳоди навбатии обии Тоҷикистонро доир ба эълон намудани соли 2013 - Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об нишонаи болоравии нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ номида, ба сатҳи омодагӣ ва баргузори конфронси байналмилалии бахшида ба ин мавзӯъ ҳам баҳои баланд дод.

Зимни суҳбат, ҳамчунин ба авзои кунунӣ ва ояндаи Ҷумҳурии Мисри Араб пас аз воқеоти пурталотуми ин кишвар таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳаёти сиёсии кишвар ба зудӣ ба маҷрои муътадил ворид шуда, баҳсу мунозираҳои мавҷуда бо роҳҳои осоишта ва дар доираи қонун ҳаллу фасл мегарданд.

Ба таҳким ва густариши минбаъдаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Миср, ки собиқаи ғанӣ дорад, изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520