Дар маркази ноҳияи Фархор бо иштирок Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба навсозии роҳҳои маҳаллӣ оғоз бахшида шуд.
Тавре зикр гардид, дар муддати як соли оянда бо саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ, аз ҷумла Ғуломалӣ Бояков, Бекмурод Шарипов, Акбаршо Неъматов ва Диловар Муҳиддинов 23 км роҳҳои маҳаллӣ навсози мешаванд.
10 км роҳ аз ҷониби танҳо Диловар Муҳиддинов, ки соҳибкори тоҷик дар Федератсияи Русия мебошад, навсозӣ хоҳад шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки навсозии роҳҳои маҳаллӣ бояд марҳила ба марҳила идома дода шавад.
Дар маркази ноҳияи Фархор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Тавре аён гардид, бинои нави мақомоти маҳаллии ин сохтори давлатӣ дорои шароити хуби корӣ буда, ба тамоми талаботи кор дар ин соҳаи басо муҳим мувофиқ аст.