Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати кишвар ваколати худро дар назди Президенти навинтихобшуда вогузошт

18.11.2013 12:22, шаҳри Душанбе

Хотирасон менамоем, ки мутобиқи моддаи 74-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон ва раисони Кумитаҳои давлатӣ то таъсиси Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои худро дар назди Президенти навинтихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошт.

Аз ин хотир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи моддаҳои 69 ва 70-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 9-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон содир намуд, ки мувофиқи он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон ва раисони Кумитаҳои давлатӣ то таъсиси Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои вазифаҳои худро идома медиҳанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520