Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори генералии Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушди байналмилалӣ Мартин Дахинден

14.05.2014 10:39, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушди байналмилалӣ Мартин Дахинденро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуд.

“Мо Швейтсарияро яке аз шарикони муҳими худ дар қитъаи Аврупо медонем”- изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Аз рушди ҳамкории сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ миёни ду кишвар изҳори қаноат карда шуд.

Тавре зикр гардид, Швейтсария аз соли 1993 ба ин сӯй ба ҳайси роҳбари Гурӯҳи швейтсарии намояндагӣ дар сохторҳои байналмилалии молиявӣ манфиатҳои Тоҷикистонро дар шӯроҳои иҷроияи Бонки умумиҷаҳонӣ, Фонди байналмилалии асъор ва Бонки таҷдид ва рушди Аврупо пуштибонӣ менамояд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамкорӣ ва ёрии Швейтсария дар масъалаи шомил гаштани Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Савдо баҳои баланд дод.

Ҳамчунин ба фаъолияти пурсамари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, ки аз соли 1998 кор мекунад, баҳои баланд дода шуд. Тавре зикр гардид, аз тариқи ин ниҳод барои татбиқи лоиҳаҳои сершумори Тоҷикистон ба ҳаҷми умумии 250 миллион доллари амрикоӣ грантҳо ҷудо карда шудааст. Ҳоло 30 лоиҳа бо маблағгузории Швейтсария мавриди татбиқ қарор дорад.

Ҳамзамон Швейтсария “яке аз шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон” номида шуд. Чунонки зикр гардид, соли 2013 гардиши мол миёни ду кишвар зиёда аз 83 миллион доллари амрикоиро ташкил намудааст, ки нисбат ба соли 2010 2,4 баробар зиёд аст.

Ҳарду ҷониб омодагии устувори худро ба густариши бештари ҳамкории гуногунҷанба таъкид доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520