Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ассамблеяи миллии парлумонии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардор Айёс Содиқро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳо миёни парлумонҳо, ҳукуматҳо, доираҳои соҳибкорӣ ва мардумони ду кишвар зоҳир гардид.
Таъкид гардид, ки парлумонҳо рафти татбиқи амалии санадҳои сершумори миёни ду кишвар имзошударо низ, аз ҷумла доир ба тадбиқи лоиаҳо дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, роҳсозӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ ва ғайра бояд пайваста назорат намоянд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунии Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон ва ҳамгироии Тоҷикистону Покистон дар мубориза бо терроризму экстремизм ва хатарҳои дигари ҷаҳони муосир сурат гирифт.