Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷа

30.05.2014 19:36, шаҳри Душанбе

Бегоҳии рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии байналмилалӣ мавзӯъҳои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти кишвар ва масоили вобаста ба ҳисоботи корҳои тадқиқотиву баҳодиҳии лоиҳаи “Нерӯгоҳи барқию обии Роғун” баррасӣ шуд.

Сароҷ Кумар Ҷа иттилоъ дод, ки лоиҳаи ҳисобот доир ба баҳогузории иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун моҳи июн нашр карда мешавад ва моҳи июл дар вохӯрӣ бо намояндагони кишварҳои соҳили рӯди Ому мавриди муҳокима қарор мегирад. Ҳисоботи ниҳоӣ бошад, тибқи иттилои ӯ, пас аз омӯзиши афкори мардуми минтақа моҳи августи соли равон тасдиқ хоҳад шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос карда, ҳамзамон изҳори боварӣ намуд, ки мавқеи ин ниҳоди муътамади байналмилалӣ дар омӯзиши ҳамаҷонибаи лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун то охир воқеъбинона ва мустақил боқӣ мемонад.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба татбиқи лоиҳаи хатти барқии CASA-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва дигар лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ сурат гирифт.


 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520