Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Ниша Десай Бисвал

02.06.2014 18:09, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Ниша Десай Бисвалро, ки барои иштирок дар машваратҳои  сиёсии солона миёни Тоҷикистону Амрико ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди муносиботи ҳасана ва густариши ҳамкории судманди ду кишвар дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму техника баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи бештар ба масоили вобаста ба амнияти минтақавӣ, хусусан ба дурнамои вазъи минтақа пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон зоҳир гардид.

Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ёдоварӣ аз нақши муҳими Тоҷикистон дар нигаҳдории амну субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва пуштибонии он аз нерӯҳои байналмилалӣ дар умури таҳкими эътидоли иҷтимоию сиёсӣ дар Афғонистон ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон аз номи роҳбарияти кишвари худ арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Ниша Десай Бисвал омодагии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба дастгирии нерӯҳои сарҳадӣ ва дигар мақомоти Тоҷикистон дар мубориза бо зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткории фаромиллӣ таъкид намуд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои обу энергетика, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, маорифу тандурустӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520