Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сохтмони биноҳои Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷойи нав ва ифтитоҳи бинои иловагии таълимии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа

20.06.2014 11:24, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони биноҳои Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷойи нав оғоз бахшида, бинои иловагии таълимии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаро ифтитоҳ намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба маҳалли биноҳои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ташриф оварда, бо лоиҳаи онҳо бевосита шинос шуд ва ба сохтмон оғози расмӣ бахшид. Тавре зикр гардид, ин ҷо дар майдони қариб 10 га биноҳои бисёрошёнаи таълимӣ, 2 хобгоҳи донишҷӯӣ бо 700 ҷойи хоб, як бинои истиқоматӣ бо 48 хонаи як ва дуҳуҷрагӣ барои омӯзгорону афсарони академия, маҷмааи варзишӣ ва бисёр биною иншооти дигар бунёд хоҳад ёфт. Бинои асосии таълимӣ, ки бо тарҳи хеле зебою боҳашамат бунёд меёбад, аз 70 синфхона, 95 утоқи корӣ, толори калони маҷлисӣ бо 500 ҷойи нишаст, 2 толори миёна бо 200 ҷойи нишаст ҳар яке ва толори хурд бо 30 ҷойи нишаст иборат хоҳад буд. Ошхонаи барҳавои он барои 300 нафар дар як нишаст пешбинӣ шудааст.

Тавре зикр гардид, бо сохтмони биноҳои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ шумораи донишҷӯёни он аз 2,5 ҳазори ҳозира оянда то ба 5 ҳазор расонда мешавад.

Тибқи супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин биноҳо то моҳи августи соли 2016 бояд мавриди истифода қарор дода шаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарияту кормандони Вазорати корҳои дихилӣ ва устодону донишҷӯёни Академияи корҳои дохилӣ суханронӣ намуда, аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тадриҷан муҳайё намудани беҳтарин шароити таълимӣ ва корию хизматӣ ёдовар шуд ва таъкид дошт, ки аз имконоти мавҷуда барои баланд бардоштани донишу маҳорати касбӣ ва хуб омода намудани кадрҳои оянда пурсамар истифода баранд.

Аз ин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ташриф оварда, бинои иловагии таълимии онро ифтитоҳ намуд ва бо шароити дар он муҳайёгардида бевосита шинос шуд.

Чунонки иттилоъ доданд, ин бино барои таълиму тарбия ва будубоши шаборӯзии қариб 300 донишҷӯй пешбинӣ шудааст.

Бинои нав дорои 75 синфхона, утоқҳои корӣ ва дигар ҳуҷраҳо буда, бо асбобҳои муосири аёнӣ, аз ҷумла компютерҳои дорои барномаҳои махсуси таълимӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Дар ин бино асосан дарсҳои факултаи умумиқӯшунӣ ба роҳ монда мешаванд. Ҳоло Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа дорои 3 факулта – умумиқӯшунӣ, ҳавонавардӣ ва навозандагони низомӣ буда, дар онҳо аз рӯйи 14 ихтисоси ҳарбӣ мутахассисон омода мегарданд. Ҳоло дар ин донишкада наздики 700 нафар таълим мегиранд.

Дар бинои нав шароити хуб, натанҳо барои таълиму тарбия, балки будубоши шаборӯзӣ, аз ҷумла хобгоҳҳои барҳаво, утоқҳои фароғатӣ, ҳуҷраҳои омодасозии сарулибос ва ғайра мавҷуд аст.

Чунонки иттилоъ доданд, дар паҳлӯи ин бино боз як бинои иловагӣ махсус барои факултаи ҳавонавардӣ бунёд меёбад, ки дорои навтарин шароити таълимӣ хоҳад буд. Тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оянда шумораи донишҷӯёни Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа бояд то ба 2 ҳазор нафар расонда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои дар сатҳи баланд ва мутобиқ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир омода кардани афсарону мутахассисони сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот тамоми шароити зарурӣ бояд муҳайё карда шавад. Ба роҳбарияти донишкада дастур дода шуд, ки аз бинои нав ва ҳамаи шароити муҳайёгардида пурсамар истифода баранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520