Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари ширкати Гленкоае АГ-и корпоратсияи фаромиллии Гленкор аз давлатҳои Швейтсария ва Инглистон Эндрю Каплан

01.08.2014 11:55, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ширкати Гленкоае АГ-и корпоратсияи фаромиллии Гленкор аз давлатҳои Швейтсария ва Инглистон Эндрю Капланро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ барои истеҳсоли алюминии аввалия, коркарди минбаъдаи саноатӣ, тиҷорати байналмилалии он ва дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, ширкати Гленкоае АГ тасмим дорад, ки дар навсозии технологии КВД “Ширкати алюминийи Тоҷик” саҳмгузор шуда, иқтидори истеҳсолии онро барқарор созад.

Корпоратсияи фаромиллии Гленкор ва ширкатҳои фаръии он ҳамчунин тасмим доранд, ки дар кори ба истихроҷ ва коркарди ашёи хоми ватанӣ гузарондани КВД “Ширкати алюминийи Тоҷик” фаъолона иштирок намоянд.

Корпоратсияи фаромиллии Гленкор инчунин иштирокдори фаъоли тендери байналмилалӣ барои кор дар Кони Мансур буда, азм дорад, ки дар истихроҷу коркарди захираҳои фаровони нуқра, мис ва дигар маъданҳои Тоҷикистон саҳм гузорад.

Хотиррасон бояд намуд, ки корпоратсияи Глинкор бо КВД “Ширкати алюминийи Тоҷик” аз соли 2007 ба ин сӯй ҳамкорӣ дорад ва кунун роҳбарияти он тасмим гирифтааст, ки доираи фаъолияти худро дар Тоҷикистон тавсиа бахшад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520