Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Федератсияи байналмилалии таэквондо (ITF), Раиси Кумитаи намудҳои якҳарбаи Ассотсиатсияи генералии федератсияҳои варзишии GAISF Чанг Унг

06.08.2014 11:54, шаҳри Душанбе

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи байналмилалии таэквондо (ITF), Раиси Кумитаи намудҳои якҳарбаи Ассотсиатсияи генералии федератсияҳои варзишии GAISF Чанг УНГ-ро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот доир ба омодагӣ ва ҷараёни мусобиқоти чемпионати ҷаҳон доир ба таэквондо (ITF), ки ҳоло дар Тоҷикистон идома дорад ва рушди ҳамкорӣ дар ин соҳа гуфтгӯй сурат гирифт.

Чанг Унг ба омодагии Тоҷикистон барои ташкил ва гузарондани ин чорабинии муҳими ҷаҳони варзиш баҳои баланд дода, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва масъулони соҳа арзи сипос намуд.

Ҳамчунин ба дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар ин бахши варзиш, ки дар мусобиқоти минтақавию ҷаҳонӣ натиҷаҳои хеле баланд нишон медиҳанд, баҳои сазовор дода шуд.

Дар охири мулоқот ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон камарбанди сиёҳи 9-ум дан бо сертификати он ва кемано супурда шуд, ки нишона аз қадрдонии олии Федератсияи байналмилалии таэквондо (ITF) мебошад.

Хотиррасон бояд намуд, ки камарбанди сиёҳи 9-ум дан дар низоми таэквондо аз ҳама қуллаи баландтарин ба ҳисоб меравад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520