Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони як зумра вазорату идораҳо, роҳбарияти ҳамаи бонкҳои ҷумҳурӣ ва дигар шахсони дахлдор машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат масоили вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар соли 2007, мушаххас намудани вазифаҳо барои соли равон, амалӣ сохтани механизми нави маблағгузории бахши пахтакорӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти бонкҳо бо истеҳсолкунандагони пахта ва дигар неъматҳои моддӣ ва масъалаи дар амал татбиқ намудани супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мулоқот бо намояндагони соҳибкорони кишвар баён гашта буданд, баррасӣ шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2007 ҳисоботи роҳбарони ҳар як вазорату идора, ҳамаи бонкҳо ва дигар муассисаю корхонаҳои ҷумҳуриявӣ шунида мешаванд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати зиёд намудани захираи давлатии сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ, тухмии хушсифати пахта, ғалладона ва дигар зироатҳо, додани қарзҳои мустақими бонкӣ ба истеҳсолкунандагон ва ҳамаҷониба дастгирӣ кардани соҳибкорони хурду миёна, пеш аз ҳама соҳибкорони деҳот ва ҳамчунин доир ба омодагӣ ба кишти баҳорӣ, омодасозии стансияҳои барқии обкашӣ, паст кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ ва аз худ кардани заминҳои нав дастуру супоришҳои мушаххас дод.