Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъсиси ситод таҳти роҳбарии Сарвазири ҷумҳурӣ дар робита ба фурӯд омадани тарма дар километри 67-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд

22.12.2007 14:00, шаҳри Душанбе

Шаби 21 декабр дар километри 67-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд тарма фурӯд омад, ки дар натиҷа мувофиқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 нафар одамон ба ҳалокат расиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хешовандон ва наздикону пайвандони онҳое, ки дар натиҷаи тарма ҳалок гаштаанд, изҳори тасаллияту ҳамдардӣ намуд.

Дар робита ба ин ҳодисаи мудҳиш бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ситод таъсис дода шуд.

Ситод вазифадор гардид, ки корҳои фаврии наҷотдиҳӣ ва кӯмакрасониро ташкил намуда, барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ аз тамоми имконоти мавҷудаи техникию башарӣ истифода баранд. Дар натиҷаи корҳои ҷӯстуҷӯи ҷасади фавтидагон аз зери барф бароварда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дастур дод, ки ба аҳли оилаи фавтидагон тавассути мақомоти маҳалли ҳокимияти иҷроияи давлатӣ кӯмакҳои моддӣ расонда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни корҳоро дар мавзеи офати табиӣ таҳти назорати доимӣ ва бевоситаи худ қарор додааст.

Хотиррасон мекунем, ки хабарҳои қаблии дигар расонаҳои иттилоотӣ дар бораи шумораи бештари фавтидагон асоси воқеӣ надоранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520