Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо губернатори шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Георгий Полтавченко

09.11.2014 17:19, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон губернатори шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Георгий Полтавченкоро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва беш аз ҳама бо шаҳри Санкт-Петербурги ин кишвар баррасӣ шуд.

Аз ҷараён ва натиҷаҳои “Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе” изҳори қаноат карда шуд.

Тавре зикр гардид, минбаъд миёни сохторҳои гуногуни ин шаҳрҳои ду кишвари дӯст ҳамкории пурсамари бевосита, аз ҷумла дар самти омӯзиши забони русӣ ва ихтисосҳои коргарӣ дар шаҳри Душанбе ба муҳоҷирони кории эҳтимолӣ ва ба корхонаҳои мушаххас ба кор бурдану бо шароити зарурӣ таъмин намудани онҳо дар шаҳри Санкт-Петербург, ба роҳ монда мешавад. Омӯзишгоҳҳои касбӣ-технкиии шаҳри Душанбе ва дигар муассисаҳои таълимию истеҳсолӣ ҳам кори худро дар ин самт тақвият хоҳанд бахшид.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва илму техника сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520