Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз сафирони нави 5 давлати ҷаҳон

10.03.2015 11:59, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави 5 давлат эътимоднома қабул намуд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир Ҳю Стэнли Филпотт, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Тариқ Иқбол Сумро, сафири фавқулодда ва мухтори Салтанати Уммон Саид ибн Аҳмад ибн Холид Ал-Барованӣ, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Фан Ван Фао ва сафири фавқулодда ва мухтори Эфиопия Айалев Гобезие Воркенеҳ эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои худ тақдим намуданд.

Зимни суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла зикр гардид, ки “... дар чаҳорчӯбаи сиёсати «дарҳои боз» Тоҷикистон имкон дорад ва омода аст, ки бо тамоми кишварҳои дунё – бидуни истисно - муносибатҳои дӯстиву ҳамкории мутақобилан судманд дошта бошад”.

Дар ин росто изҳори умед карда шуд, ки сафирони нав барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон ҷаҳду талош мекунанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520