Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини Дабири Кулл маъмури Барномаи Рушди СММ Ҳелен Кларк

28.09.2015 21:23, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Имрӯз 28 сентябри соли 2015 дар қароргоҳи СММ, дар шаҳри Ню-Йорк Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Муовини Дабири Кулл маъмури Барномаи Рушди СММ Ҳелен Кларк мулоқоти судманд анҷом дод.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории пурсамари Тоҷикистон бо ин ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои сершумори ҳамкорӣ бо Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

"Мо аз сатҳи ҳамкориҳо бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба хотири дастёбӣ ба афзалиятҳои асосии стратегии Ҳукумати Тоҷикистон дар арсаи рушд қаноатмандем, -изҳор дошт дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд,  ки Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар ҷодаи тавсеаи имконот ва афзун гардонидани нерую захираҳои Ҳукумати Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом додааст. Ва мо аз ин хеле сипосгузор буда, ба дастгирии минбаъдаи ҳамаҷонибаи Барномаи рушд умед дорем".

Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳелен Кларк барои иштирокаш дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди иҷрои тадбирҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар давоми солҳои 2005-2015, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гашта буд, бори дигар изҳори сипос намуд.

Ҷонибҳо аз қабул гардидани ду санади басо муҳим  Барномаи қолабии СММ оид ба кумакрасонӣ ба хотири рушд барои солҳои 2016-2020 (ЮНДАФ) ва Барномаи кишварӣ барои солҳои 2016-2020, ки бо афзалиятҳои ҷорӣ ва стратегии Тоҷикистон ва ҳадафҳои Ҳукумати кишвар дар арсаи рушди устувор дар давраи 15 соли минбаъда мувофиқу созгоранд изҳори қаноатмандӣ карданд.

Мусоҳибон Нақши Барномаи рушд дар ҳаллу фасли масъалаҳои наздисарҳадӣ ва минтақавие, ки ба ҳамкории иқтисодӣ ва таъмини амният иртибот доранд, хеле арзишманд арзёбӣ намуда, ба ҳайси намунаи рушди ҳамкории наздисарҳадӣ лоиҳаи «Ибтикори Тоҷикистону Афғонистон оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ» барои солҳои 2010-2012 ва лоиҳаи сесола таҳти унвони «Беҳдошти некуаҳволии аҳолӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон»ро қобили зикри хоса маънидод карданд.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба татбиқи лоиҳаҳо барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, бунёди инфрасохтори деҳот, рушди соҳибкорӣ ва савдои наздисарҳадӣ, омӯзиши касбӣ ва мусоидат ба таҳкими амнияту суботи минтақавӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520