Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) Чу Донюй

25.04.2024 12:00, Италия
Мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) Чу Донюй 25.04.2024

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Италия дар шаҳри Рим Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) Чу Донюйро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ бо ин ниҳоди СММ дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид.

Аз ҳамкории муфид бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ қаноатмандӣ зоҳир гардид.

Изҳори итминон карда шуд, ки бо талоши рӯзафзуни ҷонибҳо дар оянда низ рушди ҳамкорӣ ба татбиқи боз ҳам бобарори ислоҳоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии яке аз ҳадафҳои стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар маҷмуъ ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад намуд.

Таъкид шуд, ки беҳбуд бахшидан ба самаранокии соҳаи кишоварзӣ ва таҳкими рушди устувори ин бахш омили муҳими баланд бардоштани некуаҳволии мардуми деҳот аст.

Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи робитаҳо ҷиҳати беҳсозии истифодаи заминҳои корам, пешгирӣ аз харобшавии онҳо ва ба истифода додани заминҳои нав иброз доштанд.

Дар доираи пешбурди сиёсати инкишофи “Иқтисоди сабз”-и Тоҷикистон воридоти технологияҳои ниҳолпарварӣ баҳри барқарор намудани ҷангалзор, ҳифзи ҷангалу буттазор аз эрозия ва шусташавии заминҳо зарур шумурда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520