Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси ассамблеяи миллии Покистон Сардор Аёз Содиқ

12.11.2015 18:10, Покистон

Имрӯз ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси ассамблеяи миллии Покистон Сардор Аёз Содиқ мулоқот кард.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Имрӯз соҳаҳои ҳамкорӣ миёни кишварҳоямон рӯ ба афзоиш доранд. Мо аз сатҳи ҳамкории миёнипарлумонии кишварҳоямон низ қаноатмандем. Мубодилаи сафарҳои ҳайатҳои миёнипарлумонии ду кишвар ва иштироки онҳо дар кори конфронсу ҷаласаҳои ҳамдигар ба табодули таҷрибаи пешқадам мусоидат хоҳад кард”.

Зикр гардид, ки ба наздикӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориро бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон таъсис дод.

Раиси ассамблеяи миллии Покистон Сардор Аёз Содиқ аз ташаббусҳои Сарвари давлати Тоҷикистон барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ бахусус равобити миёни парлумонҳои ду кишвар бо итминон изҳор дошт, ки ин гурӯҳ метавонад барои ба сатҳи нав бардоштани ҳамкории миёнипарлумонӣ нақши муҳим дошта бошад.

Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни эътирофи зарурати ҳамкории байналмилалии парлумонҳои кишварҳои минтақа  пешниҳоди ҷониби Покистонро дар мавриди созмон додани Парлумони Осиё ҷонибдорӣ менамояд. Татбиқи ин иқдом дар раванди табодули таҷрибаи пешрафта нақши муҳим хоҳад дошт.

Дар мулоқот инчунин масъалаҳои вобаста ба вазъи мураккаби сиёсии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла муноқишаҳои низомӣ дар Афғонистон, ки барои амнияти кишварҳои минтақа мушкилоти нав ба нав эҷод менамояд, мубориза алайҳи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, таҳдиди гурӯҳи бо ном Давлати исломӣ барои башарият ва дигар мавзӯъҳои муҳим баррасӣ шуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520