Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо муовини раиси Комиссияи молияи Сенати Фаронса Эймери де Монтескю

29.03.2005 09:00, шаҳри Душанбе

29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини  раиси Комиссияи молияи Сенати Фаронса Эймери де Монтескю мулоқот кард.

"Мо аз сатҳи имрӯзаи ҳусни тафоҳум ва эътимоди  дуҷонибаи ҳарду мамлакат дар ҷараёни равобити сиёсии Тоҷикистону Фаронса дар маҷмӯъ қаноатмандем. Тоҷикистон Фаронсаро дар Аврупо ҳамчун шарики асосии худ мешуморад. Мо тайёрем, ки ҳамкориро бо Фаронса дар соҳаҳои  гуногун равнақу ривоҷ диҳем", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Қайд карда шуд, ки умуман густариши муносибот бо мамлакатҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва хусусан бо Фаронса,  ҳамчун яке аз давлатҳои пешрафтаи  Аврупо дар сиёсати берунии Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷа дорад.  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба равнақу ривоҷи ҳамаҷонибаи  ҳамкории мутақобилан муфиди иқтисодӣ бо ин кишвар манфиатдор мебошад.

Мусоҳибон дар ин хусус ҳамфикр буданд, ки ҳамкории фаъолонаи  иқтисодии Фаронса дар Тоҷикистон барои вусъати ҳамаҷониба ва дарозмуддати  ҳамкорӣ аҳамияти калон дорад, зеро Тоҷикистон барои пешрафти  бисёр соҳаҳои  иқтисодиёт дорои  имкониятҳои  фаровон мебошад.

Ба ақидаи Эмомалӣ Раҳмон  Тоҷикистон дар натиҷаи  ислоҳот дар бобати  пешрафти  иқтисодиёт ба комёбиҳои муайян ноил гардид. Дар мамлакат амалӣ сохтани  барномаҳои ҷиддӣ ва доманадор шурӯъ шуд. Имрӯз барои ҷалби фаъолонаи сармояи Фаронса ва технологияи он  бо мақсади амалӣ сохтани  барномаҳои  гуногуни  иқтисодӣ шароит муҳайё мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520