Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо сафири Испания Франсиско Паскуал де ла Партеро

13.04.2005 14:00, шаҳри Душанбе

13 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафири Испания Франсиско Паскуал де ла Партеро бинобар анҷоми фаъолияташ ба ҳузур пазируфт.

- "Ҷумҳурии Тоҷикистон, - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон, - ба рушди муносибатҳо бо Испания аҳамияти зиёде медиҳад ва мо мехоҳем, ки ҳамкории дуҷонибаи муфидро густариш диҳем".

Тарафҳо дар ҷараёни сӯҳбат зикр намуданд, ки созишномаи соли гузашта имзошудаи ҳамкории байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо заминаи хуби ҳуқуқии рушди  ҳамкории дуҷонибаро мегузорад.

Зикр шуд, ки  дигаргуниҳои мусбати сиёсии имрӯзаи минтақаи Осиёи Марказӣ имкониятҳои сифатан нави ривоҷи ҳамкориро фароҳам меоранд.

Мусоҳибон аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки Тоҷикистону Испания шарикони эътилофи зиддитеррористӣ буда, дар чаҳорчӯбаи он зич ҳамкорӣ мекунанд. Ҳамзамон, қайд намуданд, ки дар ҷаҳони бо ҳам алоқаманди имрӯза, ки онро глобализатсия фаро гирифтааст, ҷонибайн баробар дучори терроризм барин хавфи глобалӣ мебошанд. "Бинобар ин, - гуфт Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,- кишварҳои мо бояд ҳамкориашонро ҳам дар соҳаи  сиёсат ва ҳам дар соҳаи иқтисодиёт рушду густариш диҳанд".

Ҷонибҳо соҳаҳоеро мавзӯи ҳамкории бахши иқтисодиёт донистанд, ки дар онҳо ба мақсади  бештару зудтар ба даст овардани фоидаи  маблағҳои сарфшуда ҳамкорӣ кардан мумкин аст: гидроэнергетика, саноати кимиё ва хӯрокворӣ, туризм, алоқа ва ғайра. Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба  воқеаҳои  охири Осиёи Марказӣ зикр намуд, ки суботи сиёсии Тоҷикистон омили муҳимми ба ҷумҳурӣ ворид шудани инвеститсияҳо мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сафири Испания барои саъю кӯшишаш ҷиҳати рушди ҳамкории миёни ҳар ду мамлакат изҳори миннатдорӣ карда, ба вай дар фаъолияти минбаъдааш барору  комёбиҳо орзу намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520