Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси ҳозираи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, вазири корҳои хориҷии Словения Димитр Рупел

19.04.2005 16:00, шаҳри Душанбе

19 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси ҳозираи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, вазири корҳои хориҷии Словения Димитр Рупелро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи васеъи масъалаҳои ҳамкорӣ ва дурнамои амалҳои мутақобилаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

"Тоҷикистон саҳми Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупоро ҳамчун механизми ҳамкории байналхалқӣ дар масъалаҳои таҳкими институтҳои демократӣ ва ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ муҳим арзёбӣ мекунад", таъкид намуд  Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи ҳамкориҳо бо Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, ки дар бартарафсозии ихтилофоти байни тоҷикон, таъсиси сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва демократикунонии низоми сиёсӣ нақши назаррас гузоштааст, баҳои баланд дод.

Раиси Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо раванди демократикунонии ҷомеаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд арзёбӣ намуда, хусусияти инкишофёбандаи онро таъкид сохт.

Сарвари давлат ба масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Словения дахл намуда, манфиатдории Тоҷикистонро дар рушду густариши онҳо таъкид намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520