Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Сармади Порсо

20.04.2005 10:00, шаҳри Душанбе

20 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Сармади Порсоро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот асосан масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон баррасӣ шуданд.

"Ҷумҳурии Тоҷикистон,- изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, -  аз инкишофи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмиву фарҳангии солҳои охир бо Ҷумҳурии Исломии Эрон қаноатманд аст".

Дар вохӯрӣ тазаккур дода шуд, ки сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда -2" ва ҳамдастии мутахассисони эронӣ дар сохтмони туннели Анзоб дар ҳамкориҳои дуҷониба марҳилаи сифатан боварибахшу созандаро эҷод намуд.

Тарафҳо таъкид сохтанд, ки тавсеаи робитаҳои дуҷониба асоси манфиат ва хоҳишҳои рӯзафзуни мардуми дӯсту бародари тоҷику эронӣ мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520