Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор Питер Вингли

29.04.2005 14:00, шаҳри Душанбе

29 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор Питер Винглиро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки вохӯрии имрӯза қадами устуворе дар идома ва таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор дар самти татбиқи амалии ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки фаъолияти босамар ва ҳамкории зич бо Хазинаи Байналмилалии Асъор ба пешрафти сиёсати иқтисодӣ ва молиявӣ, дар роҳи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон мусоидат намуд.

Роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор Питер Вингли ба нақши роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар самти ҷалби муваффақонаи сармояи хориҷӣ ва истифодаи мақсадноки он баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тайи солҳои охир бо ҷалби сармояи хориҷӣ тавонист шиддати камбизоатиро дар Тоҷикистон паст намояд.

Питер Вингли ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 апрели соли равон ба Маҷлиси Олӣ ирсол намуда буд, баҳои баланд дода, зикр намуд, ки дар он самтҳои муҳимми фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди иқтисодиёт ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ муайян шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки Хазинаи байналмилалии асъор кӯшиши Ҳукумати Тоҷикистонро дар роҳи ислоҳоти иқтисодию молиявӣ минбаъд низ дастгирӣ менамояд.

Сӯҳбат дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520