Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Харалд Оттомар Лёшнер

29.06.2005 12:00, шаҳри Душанбе

29 июн  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Харалд Оттомар Лёшнерро бинобар анҷоми мӯҳлати ваколаташ ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни сӯҳбати созанда ва пурмӯҳтаво маҷмӯи васеи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон баррасӣ гардиданд.

Дар мулоқот аз рушди  муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо бо ёдоварӣ аз имкониятҳои  фарохи ҳамкорӣ, ба хусус дар мавриди сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои стратегии ба кор даровардани  захираҳои гидроэнергетикӣ, металлургияи ранга, бунёди корхонаҳои  муштараки истеҳсолу коркарди зироатҳои кишоварзӣ, инкишофи туризм ва робитаҳои илмию фарҳангӣ таъкид намуданд, ки татбиқи лоиҳаҳои ба ҳарду тараф манфиатнок талаби  марҳилаи гузариш ба сохти нави пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хоҳишу талошҳои ҳарду мамлакати дӯсту бародар аст.

Дар сӯҳбат ба мавзӯи  таҳкими муборизаҳои муштараки байналмилалӣ алайҳи терроризм ва дигар хатарҳои таҳдидбору глобалии он мароқ зоҳир карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520