Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Давлати Шоҳии Баҳрайн Камол Солеҳ ас-Солеҳ

27.07.2005 11:00, шаҳри Душанбе

27 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Давлати Шоҳии Баҳрайн Камол Солеҳ ас-Солеҳ эътимоднома қабул кард.

Баъди анҷоми маросими расмии эътимодномасупорӣ ҷонибҳо доир ба муҳимтарин масъалаҳои ҳамкорӣ дар марҳалаи кунунӣ ва дурнамои густаришу таҳкими равобити дерин ва дӯстонаи ду халқ ва ду кишвар мубодилаи афкори судманд намуданд.

"Мо, -изҳор дошт Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - ба рушди равобити дӯстона ва ҳамкории амалӣ бо кишварҳои араб, минҷумла давлатҳои ҳавзаи Халиҷи Форс аҳамияти хоса медиҳем, зеро бо ин кишварҳо ва халқҳо равобити дерини таърихӣ, пайвандҳои зиёди иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва манфиатҳои амалан муштарак дар сатҳи ҷаҳони ислом ва ҷомеаи байналмилалӣ дорем."

Дар мулоқот ҳамчунин масоили муҳимми минтақа, мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ бахусус, терроризм ва қочоқи маводи нашъаовар баррасӣ гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520