27 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармонҳои худ Қиличбеков Шодибекро аз вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод ва ба ҷои ӯ Алиёрова Пайкарморо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин кард.