Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.07.2005 15:00, шаҳри Душанбе

28 июл таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи кории маҷлис вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Солиев, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғулом Бобоев, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов, вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайд Саидов, вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Нурмаҳмадов, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ворис Мадаминов ва дигар роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2005 гузориш доданд.

Тавре тазаккур дода шуд, дар шаш моҳи соли равон маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 8,1 фоиз рушд ёфта, 2 млрд. 800 млн. сомониро ташкил дод.

Дар ҳамин давра афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноат ба 8,9 фоиз ва кишоварзӣ ба 6,8 фоиз, ҳаҷми боркашонӣ 2,1 фоиз, гардиши моли чакана 15,5 фоиз, қисми даромади буҷет 3,4 фоизро ташкил дод.

Дараҷаи таваррум то ба 4,1 фоиз паст фуромада, музди миёнаи номиналӣ 84 сомониро ташкил дод ва даромади реалии аҳолӣ 6,8 фоиз афзуд.

Сарвари давлат ба масъулин дар мавриди татбиқи амалии лоиҳаҳои инвеститсионӣ, назорати ҷиддии истифодаи маблағҳои буҷети давлатӣ ва қарзу грантҳо, инчунин вусъати тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ дастурҳои мушаххас дод.

"Танҳо дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудани сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми беш аз 100 млн. доллари ИМА ифодаи бебаҳси дастгирии ҷомеаи башарӣ аз сиёсати дуруст ва ояндадори иқтисодӣ, ислоҳоти бобарори гуногунсоҳаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад",- афзуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сабаби асосии ба буҷет ворид намудани 7 миллион сомониро дар нимсолаи аввали соли 2005 аз мавҷудияти камбудӣ дар мавриди андози ягонаи замин маънидод кард ва бо назардошти воқеият супориш дод, ки аснои таҳияи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006 мӯҳлати супоридани андози замин тағйир дода шавад, зеро деҳқонон танҳо дар охири сол баъди ҷамъоварии ҳосил имкони пардохти андозро пайдо менамоянд.

Атрофи лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи геодезия ва харитасозӣ", "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ", "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо" муҳокимаи тӯлонӣ ҷараён гирифт. Ин лоиҳаи Қонунҳо барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешаванд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатӣ ва Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бо ҷинояткорӣ дар нақлиёт тасдиқ гардиданд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 қарор қабул кард.

Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Низомномаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо ва коллеҷҳо"- ро мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор дода, таклифу пешниҳодоти мушаххас баён доштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дод, ки ояндаи наздик истеҳсол ва таъмини пурраи эҳтиёҷоти соҳаро бо ноқилҳои тавлиди ватанӣ ба роҳ монад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520