Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ворид намудани илова ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 1996, № 423

29.07.2005 09:00, шаҳри Душанбе

29 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи моддаи 43 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" дар бораи ворид намудани илова ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 1996, № 423 фармон ба тасвиб расонд.

Дар асоси ин фармон ба банди 2 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 1996, № 423 "Дар бораи таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантҳои таълими рӯзона" сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шуд:

"Ҳаҷми ҳар як стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантҳои таълими рӯзона аз 1 ноябри соли 2005 ба андозаи 120 сомонӣ муқаррар карда шавад".

Ҳамзамон худи ҳамин рӯз мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ворид намудани тағйирот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1996, № 609 ба имзо расид.

Дар асоси ин фармон ба банди 3 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1996, № 423 "Дар бораи таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни мактабҳои олӣ" таҳрири зайл илова карда шуд:

"Ҳаҷми ҳар як стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни таҳсили рӯзонаи мактабҳои олӣ аз 1 ноябри соли 2005 ба андозаи 60 сомонӣ мақаррар карда шавад".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520