Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо директори генералии ташкилоти озӯқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) Жак Дюф

16.09.2005 08:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи барномаи ташрифи худ ба ИМА бо директори генералии ташкилоти озӯқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) Жак Дюф мулоқот кард.

"Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати аграрӣ ба рушди ҳамкориҳо бо ташкилоти озӯқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид манфиатдор аст", - гуфт дар оғози сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки 75 фоизи аҳолии Тоҷикистон дар деҳот маскан дошта, ба корҳои кишоварзӣ шуғл меварзанд. Бо шарофати ислоҳоти дурусти кишоварзӣ ва ривоҷи шаклҳои нави ғайридавлатии хоҷагидорӣ истеҳсоли маҳсулоти аграрӣ 70 фоиз афзуд, - ёдрас шуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо изҳори умед намуданд, ки бо талоши рӯзафзун дар оянда низ рушди ҳамкориҳо ба татбиқи боз ҳам бобарори ислоҳоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан баргашт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520