22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафири нави фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ли Хуэйлай эътиборнома қабул намуд.
Дар мулоқот маҷмӯи масъалаҳои марбут ба вазъи имрӯза ва дурнамои равнақу ривоҷи муносибатҳо ва ҳамкории Тоҷикистону Чин, чӣ дар асосҳои дуҷониба ва чӣ дар доираи созмонҳои минтақавӣ муҳокима шуданд.
"Тоҷикистон ба густариши минбаъдаи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва дӯстона бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад, гуфт Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки Тоҷикистон ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳояш бо Чин баҳои баланд медиҳад".
Зикр карда шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин хусусияти олии боварию эътимоди дуҷониба, қаробати мавқеъҳои ҳар ду давлат дар бисёр проблемаҳои минтақавию байналхалқӣ, ҷидду ҷаҳди умумӣ барои таъмини сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳон, муттасил ривоҷ додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ доранд.
Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Чин зимни сӯҳбат дар масъалаҳои амалӣ сохтани барномаҳои тармими роҳи мошингарди Душанбе- Хуҷанд, сохтмони туннел дар ағбаи Шаҳристон, сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқи "Шимол- Ҷануб" ва нерӯгоҳи барқии обии Даштиҷум табодули назар намуданд, ки чӣ дар бобати қонеъ гардондани талаботи рӯзафзун ба қувваи барқ ва чӣ дар обёрикунии заминҳои нав аҳамияти калони минтақавӣ дорад.
Сардори давлати Тоҷикистон дар фарҷоми сӯҳбат дипломати Чинро ба муносибати Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон таъин шуданаш бори дигар табрик намуда, ба ӯ дар иҷрои вазифаҳояш муваффақият орзу намуд.