Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо асосгузори Карате-до Сито-рю дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Президенти федератсияи Карате-до Сито-рюи Аврупову Осиё ва ноиби Президенти Федератсияи ҷаҳонии ҳамин навъи варзиш Сато Тетсуо

24.09.2005 11:00, шаҳри Душанбе

24 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон асосгузори Карате-до Сито-рю дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Президенти федератсияи Карате-до Сито-рюи Аврупову Осиё ва ноиби Президенти Федератсияи ҷаҳонии ҳамин навъи варзиш Сато Тетсуоро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот доираи васеи масоили рушду густариши варзиш ва саҳми Тоҷикистону варзишгарони он дар тарғибу ташвиқи тарзи зиндагии солим мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сато Тетсуо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми намоён ва арзандааш дар рушду нумӯи Карате-до Сито-рю ва дигар намудҳои варзиш ва мусоидати ӯ дар ташкилу гузаронидани мусобиқаҳои варзишии минтақавию байналмилалӣ дар Тоҷикистон нишони рамзии Дани 5-уми камарбанди сиёҳи Карате-доро тақдим намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳон дуюмин сиёсатмадор аст, ки бо ин мукофот сарфароз гардонда шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон ба Сато Тетсуо барои тақдими ин мукофот арзи сипос намуда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон ва варзишгарони он минбаъд низ барои рушду нумӯи варзиш ва тарғибу ташвиқи он дар байни мардумони олам саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520