Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷудо намудани компютерҳо ба мактабҳои шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Ишкошим, Шуғнон, Роштқалъа, Рӯшон

24.09.2005 09:00, шаҳри Душанбе

24 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боз ба як амри башардӯстона имзо гузошт, ки дар асоси он Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби компютерҳои мутобиқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2005, № 20-Ф харидоришуда барои ҷиҳозонидани синфҳои компютерии мактабҳои таҳсилоти умумии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз 40 адад кампютер ва 7 адад принтер, ноҳияи Ванҷ 40 адад компютер ва 7 адад принтер, ноҳияи Рӯшон 40 адад компютер ва 7 адад принтер, ноҳияи Ишкошим 40 адад компютер ва 7 адад принтер, ноҳияи Шуғнон 40 адад компютер ва 6 адад принтер, шаҳри Хоруғ 40 адад компютер ва 5 адад принтер, ноҳияи Роштқалъа 30 адад компютер ва 5 адад принтер ҷудо менамояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520