Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо сарони ҳукуматҳо ва ҳайатҳои мамлакатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авурупою Осиё

27.09.2005 15:00, шаҳри Душанбе

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарони ҳукуматҳо ва ҳайатҳои мамлакатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авурупою Осиё мулоқот кард, ки барои иштирок дар маҷлиси навбатии Шӯрои байнидавлатии Иттиҳод ба Душанбе омадаанд.

Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки Тоҷикистон ба равнақу ривоҷи ҳамкории минтақавӣ аҳамияти калон медиҳад ва Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё дар ин масъала воситаи хуб мебошад. "Мо ҷонибдори афзунтар сохтани самараи фаъолияти Иттиҳод мебошем", гуфт Сарвари давлати Тоҷикистон.

Зимни мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои бештар сохтани самараи фаъолият, баланд бардоштани обрӯю эътибори Иттиҳод ва ривоҷ додани ҳамкории минтақавӣ табодули назар карда шуд.

Дар мулоқот ҷиҳатҳои гуногуни ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, нақлиёт, муносибатҳои гумрукӣ, истифодаи технологияи навтарин, ташаккули нархҳо ва масъалаҳои дигар муҳокима шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520