Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо гурӯҳи директорони иҷроияи Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро бо сарварии Майкл Нюмаер

29.09.2005 13:00, шаҳри Душанбе

29 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи директорони иҷроияи Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро бо сарварии Майкл Нюмаер ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои марбут ба вазъи ҳозира ва дурнамои рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд муҳокима шуд.

"Мо ташрифи Шуморо қадаме дар роҳи таҳкими ҳамкориамон барои барқарор намудани муносибатҳои зичи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мешуморем", - зикр намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки, - мамлакати мо нияти роҳбарияти Бонкро барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳоямон дастгирӣ менамояд".

Зимни мулоқот ҳамчунин дар бораи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар соҳаи маблағгузорӣ ба бонкҳои тиҷоратии маҳаллӣ, додани қарзҳо ба бахши воқеии иқтисодиёт, маблағгузории барномаҳои мухталифи соҳавӣ ва ҳамчунин дар бораи ҷалби инвеститсияҳо ба соҳаҳои энергетика, сохтмони роҳҳо, таъминоти об ва барномаҳои маҳаллӣ табодули афкор сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520