Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Урдашев

03.10.2005 14:00, шаҳри Душанбе

3 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Урдашевро ба муносибати анҷом ёфтани мӯҳлати ваколаташ ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвари ҳамсоя ва ҳам дар чаҳорчӯбаи созмонҳои минтақавӣ ба мисли ИДМ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷараёни сӯҳбат оид ба доираи васеи масоили муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мубодилаи афкор сурат гирифт. Қайд карда шуд, ки дар муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар пешравиҳо ба назар мерасад, вале ҳанӯз имкониятҳои истифода нашудаи таҳкиму тавсеаи онҳо зиёданд.

Дар мулоқот ҳамчунин ба масоили муносибатҳои ду кишвар дар соҳаи иқтисод, савдо, экология ва дигар самтҳои ҳамкорӣ табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520