Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини Котиби давлатии ИМА Роберт Ҷозеф

05.10.2005 17:00, шаҳри Душанбе

5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Котиби давлатии ИМА Роберт Ҷозеф мулоқот кард. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама изҳор дошт, ки ҷумҳурии мо ҷонибдори рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳо бо ИМА ва таҳкими ҳамкориҳо дар тамоми сатмҳои ба ҳарду ҷониб судманд мебошад.

"Мо,- гуфт Эмомалӣ Раҳмон, - аз сатҳи кунунии инкишофи муносибатҳои дуҷониба қаноатманд буда, мақсад дорем барои тавсиа ва таҳкими ҳамкориҳо аз тамоми имкониятҳо истифода барем."

"Дар ин маврид робитаҳои амиқи сиёсӣ, ки самтҳои нави хамкориро ба вуҷуд меоранд, нақши муҳим доранд",- таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Муовини Котиби давлатии ИМА Роберт Ҷозеф дар навбати худ арзи сипоси ҳукумати мамлакаташро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамдастӣ бо ИМА дар раванди барқарорсозии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон расонид.

Дар мулоқот оид ба масоили паҳн нагардондани яроқи қатли ом ва васоити интиқоли он, ки барои ҳифзи амнияти сайёра муҳим аст, табодули назари судманд сурат гирифт.

"Аз ин нуқтаи назар, - афзуд Сарвари давлат, - мо мекӯшем дар марзҳои давлатамон садди мустаҳкам бунёд намоем, то ки ба қочоқи силоҳ роҳ дода нашавад ва бо ҳамсоягони худ табодули иттилоотро ба роҳ монда, ҷанбаҳои меъёрӣ ва амалии механизми назорати сарҳадию гумрукиро мустаҳкам намоем."

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520