Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Борис Гризлов

14.12.2005 16:00, шаҳри Душанбе

14 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Борис Гризловро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар доираи муносибатҳои дуҷониба, махсусан дар бахши таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

"Таҳкиму густариши муносибот бо Федератсияи Россия аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон аст", - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Қайд карда шуд, ки ба имзо расидани санадҳои муҳимми ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия моҳи октябри соли гузашта ҳангоми сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Душанбе ба тавсеаи муносибатҳои дӯстонаи ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ бахшид.

Ҷонибҳо аз рушди ҳамкориҳои судбахш изҳори қаноатмандӣ намуда, амалӣ гаштани чунин дастовардҳо ва чорабиниҳои бузургро ба мисли оғози сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии "Роғун", омодагӣ ба сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии "Сангтӯда-1", баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия, Намоишгоҳи миллии Россия ва форуми иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе, афзоиши тиҷорати байниҳамдигарӣ, ҳамгироӣ дар соҳаҳои алоқа, нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан, бунёди пойгоҳи низомии Россия дар Тоҷикистон, ба ихтиёри сарҳадбонони тоҷик вогузор намудани ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистонро натиҷаи санадҳои моҳи октябри соли гузашта ба имзорасида арзёбӣ намуданд.

Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт, ҷонибҳо омодагии худро баҳри таҳкими минбаъдаи муносибатҳои судбахши Тоҷикистону Россия таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520