23 декабр аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои маҷлиси машваратии умумиҷумҳуриявӣ оид ба вазъияти соҳаи маориф аллакай як қатор тағйироти кадрӣ ба амал бароварда шуд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдар Сафиев бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон озод карда шуд.
Саидмуҳаммад Одинаев аз вазифаи Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ озод ва ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон таъин гардид.
Анвар Абдурасулов ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ таъин шуд.
Он рӯз ҳамчунин Ҷумъа Сафаров бо сабаби роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти кориаш аз вазифаи муовини ректори Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон озод карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки санҷиш ва тафтиши дақиқи дигар камбудию норасоиҳои дар маҷлиси машваратии умумиҷумҳуриявӣ оид ба вазъияти соҳаи маориф ошкоргардида идома дорад.