Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардуми Чин Ху Тсзинтао ба ҳамдигар барқияҳои табрикӣ ирсол намуданд

04.01.2007 09:00, шаҳри Душанбе

4 январ ба муносибати 15-солагии барқарор гаштани муносибатҳои дипломатии кишварҳои Тоҷикистону Чин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардуми Чин Ху Тсзинтао ба ҳамдигар барқияҳои табрикӣ ирсол намуданд.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао, аз ҷумла омадааст:

«Шуморо бо ин санаи хотирнишин дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ- солгарди 15-уми барқарор гаштани муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин самимона табрик намудан бароям бисёр фараҳбахш аст.

Дар оғози ташаккули Тоҷикистони навин Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ҷумлаи аввалинҳо буд, ки истиқлолият ва тамомияти арзӣ ва рушди мустақилонаи сиёсию иқтисодии давлати ҷавони моро эътироф намуд. Аз он вақт 15 сол аст, ки мо ҳамчун ҳамсоя ва шарикони хуб дӯстию ҳамдигарфаҳмиро таҳким мебахшем, бар зидди хатарҳои муосир дар ҳамоҳангии зич мубориза мебарем ва якҷоя ба сӯи ояндаи осудаю бехатар роҳи васеъ мекушоем.

Муносибатҳои байни Тоҷикистону Чин намунаи арзандаи ҳамгироии бобарор ва ҳамкории босамари давлати бузург бо ҳамсояи худ аст. Муносибатҳои неки моро сатҳи баланди боварии байниҳамдигарӣ, ҳамфикрии амиқ оид ба доираи васеи мушкилоти байналмилалӣ, эҳтироми гуногунрангии фарҳангӣ ва ҷаҳди муштараки мо барои рушди бемайлон таҳкиму густариш мебахшанд. Бо итминон гуфтан мумкин аст, ки имрӯз муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар марҳилаи рушди босуръати худ қарор доранд. Бешубҳа чунин муносибатҳо имконияти беандозаи рушд ва дурнамои нек доранд.

Боварии комил дорам, ки ба дастовардҳои имрӯза такя намуда, бо ҷаҳду талошҳои муштарак мо метавонем дар роҳи таҳкими бемайлони дӯстии абадию халалнопазири Тоҷикистону Чин ба қуллаҳои нав ба нав бирасем.

Аз ҷониби худ бори дигар тағйирнопазирии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамкории амиқу ҳамаҷониба бо давлати бузурги Чин таъкид менамоям.

Лутфан таъкиди ғояти эҳтироми ин ҷонибро ба Ҷаноби Олӣ қабул фармоед».

Дар барқияи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфта мешавад:

«Ба муносибати 15-солагии барқарор гаштани муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз номи Ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҳамчунин шахсан аз номи худам ба Шумо- Ҷаноби олӣ ва дар симои Шумо ба Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти нек ирсол медорам.

Дӯстии анъанавии байни Чину Тоҷикистон аз гузаштаҳои дури таърихӣ сарчашма мегирад. Дар давоми 15 сол баъди барқарор гаштани муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар робитаҳои ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судбахши Тоҷикистону Чин рушди солиму босубот ёфтанд. Ҳарду кишвар пайваста робитаҳои зич дар сатҳҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи олӣ ба роҳ монданд, масъалаҳои сарҳадии аз гузашта боқимондаро ҳаллу фасл намуданд, дар масоили вобаста ба истиқлолият, амният ва эътирофи тамомияти арзӣ ҳамдигарро дастгирӣ намуданд, дар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ дар ҳамоҳангӣ фаъолият намуданд, аз ҷумла дар Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай. Сол ба сол ҳамкориҳои мо дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, нақлиёт, телекомуникатсия, энергетика ва муносибатҳои башардӯстона густариш ёфта, ба мардумони ҳарду кишвар манфиати воқеӣ оварданд.

Ҷониби Чин ба муносибатҳои кишварҳои мо таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намуда, Тоҷикистонро ҳамсояи хуб ва дӯсту шарики боэътимоди худ медонад. Инкишофи муносибатҳои дарозмуддат ва босуботи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Чину Тоҷикистон ба манфиатҳои кишварҳо ва халқҳои

мо ҷавобгӯ буда, ба фазои сулҳу осоиш ва рушди минтақа мусоидат мекунад. Чин минбаъд низ ҷаҳду талошҳои Тоҷикистонро дар роҳи ҳифз ва таҳкими истиқлолият, амният, мусоидат ба суботи иҷтимоӣ ва рушди иқтисодиёти худ дастгирӣ хоҳад намуд. Ман омодаам, ки ҳамроҳи Шумо дар таъмиқу густариши дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судбахши байни Чину Тоҷикистон ва таъмини ояндаи боз ҳам беҳтари муносибатҳои байнидавлатӣ кӯшишҳои бемайлон ба харҷ диҳам.

Ба Шумо, Ҷаноби олӣ, сиҳатии бардавом ва комёбиҳои зиёд дар фаъолияти давлатдориатон ва ба дӯстии анъанавии Чину Тоҷикистон таҳкиму густариши пайвастаро таманно мекунам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520