Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

14.05.2016 10:36, шаҳри Душанбе

Имрӯз аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тагйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», "Дар бораи рӯзҳои ид", Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Мувофиқи иловае, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" ворид карда шудааст, 16 ноябр ҳамчун рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Қонуни мазкур бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва саҳми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, таъмини сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ, баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва рушду нумӯи самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа қабул гардидааст.

Тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда" ва Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ворид карда шудаанд, ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, пешгирии истифодаи усулҳои ғайриқонунӣ ҳангоми дастгиркунӣ ва пурсиши гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда, аз ҷумла истифодаи шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, инчунин роҳ надодан ба дигар маҳдудкуниҳо ва таъмини қонуният дар ин самт равона карда шудаанд.

Мувофиқи тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ" воридгардида, мӯҳлати амали ваколати адвокатҳое, ки то қабули Қонуни мазкур ин мақомро соҳиб шудаанд, то 27 июни соли 2016 тамдид карда шудааст. Ин шахсон метавонанд дар ин муддат ба фаъолияти адвокатӣ машғул гардида, ҳамзамон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни амалкунанда ба мақоми адвокатӣ соҳиб шаванд.

Тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси мурофиавии гражданӣ ворид карда шудаанд, тартиби бистарикунонии маҷбурии шахсони мубталои бемории силро дар муассисаҳои махсуси тиббии зидди бемории сил ва таъини ташхиси ҳатмӣ барои ошкор кардани бемории сил муайян менамояд.

Тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, ҷавобгариро барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ пурзӯр намуда, барои пешгирии беқурбшавии пули миллӣ ва таҳкими низоми бонкӣ равона карда шудааст.

Қонунҳои қабулгардида ба таъмини пойдории сулҳу ваҳдат, ҳифзи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, такмили низоми бонкӣ, пешгирии қонуншиканӣ вобаста ба муомилоти асъор, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар равона карда шудаанд.

Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520