23 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муҳофизони Ватан, — ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ифтихори солгарди навбатии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муборакбод намуд. Дар паёми табрикии Сарвари давлат зикр гардидааст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи истиқололияти давлатӣ буда, ҳимоятгари воқеии истиқлолияти Ватан, амнияти кишвар ва сулҳу суботи мамлакат мебошанд. Ҳамзамон Ҳукумати Тоҷикистон низ дар масъалаи таъмини моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дастгирии иҷтимоии ҳайати шахсӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешад, омадааст дар табрикоти Президенти мамлакат.